Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳоро баррасӣ карданд

Июль 4, 2022 16:29

ДУШАНБЕ, 04.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Сафири Тоҷикистон дар  Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарӣ Валид Ал-Хурайҷӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Зимни мулоқот паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Олии Сауд супорида шуд.

Инчунин ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин росто баргузории даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар давоми соли 2022 муҳим арзёбӣ гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 4, 2022 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд