Тоҷикистон ва Олмон рафти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), вакили Бундестаг (SPD) Нилс Аннен мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тарафҳо аз густариши равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ карда, роҷеъ ба дурнамои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, энергетика ва ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули назар карданд.
Дар ин робита Нилс Аннен зикр кард, ки ҷониби олмонӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳо мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.
Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори созанда сурат гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






