Ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон аз Маҷмааи тандурустӣ ва корхонаи саноатии вилояти Хатлон дидан намуд

Август 13, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 12 август ҳайати вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ҳайат давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамояд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯз меҳмонон аз Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Узбекистон», ки дар ноҳияи Қубодиён воқеъ аст, дидан намуданд.

Масоҳати умумии Маҷмааи тандурустӣ 6 гектарро ташкил медиҳад, ки бинои асосии он аз 4 ошёна ва ду бинои дигар аз се ошёна иборат мебошанд. Маҷмааи мазкур дорои 200 кат буда, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тандурустӣ аз 19 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, шуъбаҳои бемориҳои ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакона, урологӣ ва ғайра иборат мебошад. Барои ташхиси беморон 1 адад томографияи компютерӣ, 2 адад рентгени рақамии статсионарӣ ва 2 адад рентгени рақамии сайёр аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид карда шудаанд.

Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафта, аз корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ «Моҳир Семент» дидан намуд. Меҳмононро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ намуд.

Корхонаи «Моҳир Семент» дар минтақаи саноатӣ ҷойгир буда, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» сохта шудааст. Корхонаи мазкур бо маблағи 380 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати корхонаи мазкур 6-7 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсоли корхона 600 000 тонна семент дар як сол мебошад.

Барои бунёди ин корхона 191 нафар сохтмончиён, аз ҷумла 91 нафар сохтмончиёни хориҷӣ ва 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Айни ҳол дар корхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Моҳир Семент» калонтарин корхонаи саноатии фаъолияткунанда дар ҳудуди ноҳия ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла таъмини ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии хушсифат саҳми калон мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё баргузор мегардад, ки дар он имконоти сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Тоҷикистон ва Узбекистон муаррифӣ карда мешаванд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

 

Август 13, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд