БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Деваштич кӯдакистони замонавӣ бунёд гардид

Август 28, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 28.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ кӯдакистон бунёд гардид, ки дар он 100 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз кӯдакистон иттилоъ дода шуд, ки он дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Соҳибов бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардид.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар чор гурӯҳ 100 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд ва 15 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Дар шафати кӯдакистон ҳамзамон тарабхона барои гузаронидани тӯю маъракаҳо ва як ошхона барои аҳолӣ бунёд гардида, бо ташаббуси соҳибкор ҳудуди иншоот ободу зебо гардонида хоҳад шуд.

Раиси вилоят барои анҷоми корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти барои мардум зарурӣ ба соҳибкор изҳори сипос карда, сохтмони чунин биноҳои замонавиро дар деҳоти ноҳия талаботи рӯз арзёбӣ намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 28, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд