Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

Август 3, 2022 15:37

ДУШАНБЕ, 03.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 1 август дар назди Маркази савдои «Панҷшер»-и пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз шуд. Дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби қариб 20 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои муайяни сару либос ва лавозимоти мактабӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурмуҳаммад Маҳмадуллозода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки чунин ярмаркаҳо ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт аз соати 9:00 то 19:00 баргузор гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд.

Аз ҷумла, ярмаркаҳои либосҳо дар ҶДММ МС «Истиқлол», ҶСП «Гулистони Душанбе» ва ҶДММ «Варзоб Т.Ҷ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Валаматзода 8, (назди бинои МИҲД Шоҳмансур), назди МС «Садбарг» ва «Шукрона», МС «Ховарон», ҶДММ бозори «Корвон», ҶДММ ИИ «Нассоҷии Тоҷик» ва Маркази Савдои «Ганҷина»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дар дохили ҶДММ «Сафариён»-и ноҳияи Сино баргузор мегарданд.

Дар ярмаркаҳои доимӣ корхонаҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон баробари либос инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи зарурӣ пешниҳод менамоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сару либоси ягонаи мактабӣ 22 июл гурӯҳи корӣ аз шароити истеҳсол, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабии корхонаҳои ватанӣ дидан намуд. Ба гурӯҳ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, инчунин раисони кумитаҳои падару модарони таълимгоҳҳо шомил буданд.

Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.

Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе ба рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ муҳим арзёбӣ гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинӣ гардида ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

Ба гуфти масъулин, дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатии СТҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст.

Имсол аз ҷониби кормандони «Тоҷикстандарт» дастурамали тавсиявӣ доир ба тарзи дурусти тарҳрезии либосҳо, сифат ва андозаи онҳо таҳия гардида, ба корхонаҳои дӯзандагии мамлакат пешниҳод карда шуд.

Инчунин бо мақсади шинос намудан ба талаботи стандарти мазкур бо масъулини корхонаҳои дӯзандагии шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Суғду хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию омӯзишҳо гузаронида шуда, тамоми корхонаҳо бо нусхаи дастурамали мазкур таъмин гардиданд.

Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода 21 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар се соли охир барои гирифтани сертификати дӯхти либоси мактабӣ ба агентӣ якчанд корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ муроҷиат намуданд. Соли 2020- 56 корхона, 2021- 62 корхона ва 2022 70- корхонаи ватанӣ барои дарёфти иҷозатномаи дӯхти либоси мактабӣ муроҷиат намуданд.

«Аз ин бармеояд, ки тамоюли истеҳсоли либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ сол аз сол афзоиш дошта, барои беҳбуд бахшидани сифати онҳо аз ҷониби агентӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори мамлакат кор бурда мешавад», — афзуд Темурҷон Абдулваҳобзода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2022 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид