Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон Тоҷикистонро Аминҷони Абдулфайёз намояндагӣ мекунад

Август 24, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 август дар кишвари Босния ва Ҳерсоговина Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон баргузор мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он танҳо Аминҷони Абдулфайёз намояндагӣ мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон варзишгарон аз 6 қитъаи олам иштирок мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа 484 варзишгар аз 60 кишвар аз рӯи 16 вазн (8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон) ширкат варзанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо Аминҷони Абдулфайёз дар вазни то 73 кг зери роҳбарии мураббӣ Аслон Худоиев намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ довари тоҷик – Рамзӣ Шамилов ҷараёни рақобатҳоро ҳакамӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо имрӯз оғоз мешаванд ва телевизиони «Варзиш» онҳоро ба таври мустақим намоиш медиҳад. Рақобатҳои муқаддамотӣ соати 13:00 ва рақобатҳои ниҳоӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе доир мегарданд.

Варзишгари кишвари мо Аминҷони Абдулфайёз дар вазни то 73 кг дар рӯзи дуюм сабқатро оғоз мекунад. Рақиби паҳлавони тоҷик ғолиби ҷуфти Тарас Ниелзиев аз Украина ва Наҳид Таргулийев аз Озарбойҷон хоҳад буд.

АКС аз ТВ Варзиш

Август 24, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд