Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки сафари ҳайати Ҷопон ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.
Тазаккур дода шуд, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон соли 2008 таъсис ёфта, иҷлосияи нахустини он бо иштироки ҳайатҳои парлумонии ду кишвар 6 марти соли 2019 дар Токио баргузор гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстӣ — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилон Гулбаҳор Назирӣ ва Парвина Маликзод иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҳайати парлумонии Ҷопон инчунин бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода мулоқот карда, аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд.
Акс: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






