Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо муовини Мудири кулл, сардори Раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Симона Халперин мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Хонум Халперинро директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Михал Хершковитс ва Сафири Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмиву таҳлилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ










Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






