Ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева: «Маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст»
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва кишвари Красноярск баргузор шуд, ки зимни он ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева оид ба серхаридор будани маҳсулоти тару тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ибрози назар намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур дар доираи сафари соҳибкорони кишвари Красноярск ба вилояти Суғд баргузор гардид. Соҳибкорони кишвари Красноярски Федератсияи Русияро ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева роҳбаладӣ намуд.
Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳайати меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳори сипос намуда оид ба инконияти иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузории вилоят аз ҷониби сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов муаррифӣ гардид. Даря Ковалева имконияти сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи кишвари Красноярскро муарифӣ намуд.
Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои нав амалӣ созанд. Вилояти Суғд барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.
Дар вохӯрӣ аз кишвари Красноярск роҳбарони 16 корхонаи истеҳсолӣ, инчунин роҳбарони 50 корхонаи истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд, аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В доираҳои тиҷоратии ду минтақа имконияти тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайраро баррасӣ намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






