ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон вазиши сахти шамол ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст

Август 10, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10-12 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин дар бештари шаҳру ноҳияҳо вазиши сахти шамол ва сар задани чангу ғубор дар назар дошта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Август 10, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад