ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз даври охирин дар раддабандии беҳтарин дастаҳои ҷаҳон дар ҷойи 65-ум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон даври 10-уми Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот баргузор гардид. Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон аз Чили бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрда, бонувони кишвар бо Нигерия мусовӣ — 2:2 бозиданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби мардона Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев бозиашро мусовӣ анҷом дода, Меҳриддин Шарифов пирӯз шуд, вале Илҳоми Ҷамолиддин ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев мағлуб гардиданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот 10 бозӣ анҷом дод — 5 пирӯзӣ, 1 мусовӣ, 4 бохт ва дар раддабандии беҳтарин дастаҳои ҷаҳон дар ҷои 65 қарор дорад.
Аз миёни бонувон дар даври 10-ум Надежда Антонова дар бозии худ пирӯз шуд, Сабрина Абророва ва Рухшона Саидова мусовӣ карданд ва Мутриба Ҳотамӣ мағлуб гардид. Дастаи занонаи Тоҷикистон 10 бозӣ анҷом дод: 4 ғалаба, 2 мусовӣ, 4 бохт ва дар ҷойи 77-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи занонаи кишвар аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0:4 ва дар даври дуюм Қирғизистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Дар даври сеюм бонувони кишвар бар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 ва дар даври чорум бар Барбадос — 4:0 ғалаба ба даст оварданд. Онҳо дар даври панҷум бо Исландия мусовӣ карданд — 2:2. Дар даври ҳаштум дастаи занонаи Тоҷикистон Тайбейи Чинро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда, дар даври нуҳум аз Дания шикаст хӯрд — 1,2:2,5.

ДАР АКС: узви дастаи занонаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, чемпиони 15-каратаи Тоҷикистон, чемпиони Осиё ва ҷоизадори олимпиадаи шоҳмот Мутриба Ҳотамӣ. Акс аз манбаъҳои боз
Дастаи мардонаи Тоҷикистон бар тими ҷазираҳои Вирҷинияи Британия бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Онҳо дар даври навбатӣ бар Қазоқистон бо ҳисоби 2,5:1,5 ғалаба карда, дар даври сеюм аз Словакия бо ҳисоби 0,5:3,5 мағлуб шуданд. Дар даври чорум дастаи мардонаи кишвар аз Белгия бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрда, дар даври панҷум бар Суринам (4:0) пирӯз ва дар даври шашум аз Андора (0,5:3,5) мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳафтум бар Ҳаитӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба ба даст оварда, дар даври ҳаштум бо Сингапур мусовӣ кард — 2:2. Дар даври ҳаштум онҳо Эстонияро бо ҳисоби 2,5:1,5 шикаст доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Олимпиадаи 44-уми умумиҷаҳонии шоҳмот дар Ҳиндустон миёни мардон 188 даста ва байни занон 162 даста ширкат доранд. Дастаҳои мардона ва занона 4 бозигари асосӣ ва 2 бозигари эҳтиётӣ доранд.
Пеш аз даври охирин, ки имрӯз, 9 август баргузор мешавад, дар раддабандии беҳтарин дастаҳои ҷаҳон се ҷойи аввалро дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Арманистон ва Ҳиндустон ишғол мекунанд. Нишондиҳандаи асосӣ барои муайян кардани ҷойҳо ҷамъи холҳои дастаҳо мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид






