Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон ва Туркия ташкил мегардад

Август 27, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон ва Туркия ташкил мегардад. Созишномаи дахлдор дар доираи вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо Президенти Иттиҳодияҳои Палатаҳо ва Биржаҳои молии Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоглу,ки 26 август дар шаҳри Истанбул баргузор гардид, ба имзо расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Вохӯрии мазкур бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара баргузор шуда, зимни он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Ҳамзамон бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди ҳамкории иқтисодӣ дар ҳошияи вохӯрӣ ҷонибҳо Созишнома оид ба ташкили Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистону Туркия ба имзо расонданд.

АКС: Сафорати ҶТ дар Анқара

Август 27, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд