Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек: «Додани афзалият ба ихтисосҳои ба бозори меҳнат ва хусусияти табиати баландкӯҳи Бадахшон мутобиқ талаби рӯз аст»

Август 20, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 20.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки зодаи даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 30 сол сипарӣ шуд. Он 5 августи соли 1992 бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 1 октябри ҳамон сол ба фаъолият оғоз намудааст. Тайи ин солҳо ин муассисаи олии касбӣ кадрҳои зиёди ҷавобгӯ ба бозори меҳнат омода намудааст.

Дар мавриди ҳадафҳои минбаъдаи фаъолият ҷиҳати беҳтар шудани сифати таълиму тарбия Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид КОМИЛБЕК иброз дошт, ки “додани афзалият ба ихтисосҳои зарурӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва хусусияти махсуси иқлими табиии баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, биоэкология, география, химия ва технология, гиёҳшиносӣ, заминсозӣ, бостоншиносӣ, психология, географияи яхшиносӣ ва кӯҳшиносӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, маъданшиносӣ, омӯзиши захираи об, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ имрӯз талаботи рӯз аст”.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

— Имсол мардуми шарифи кишвар 31-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои бузург истиқбол менамоянд. Маҳз ин падидаи муҳими сиёсӣ имконият дод, ки халқи тоҷик баъди гузашти асрҳо ба бунёди давлатдории миллии муосир аз нав шурӯъ намояд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар марҳилаҳои истиқболи соҳибихтиёрӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди музокироти сулҳ, бунёди низоми нави идоракунии давлатӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ баъди ҷангро паси сар намуда, ба давраи рушди устувор ворид гардид.

Дар оғози асри XXI, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «асри Бадахшон, асри пешрафт ва кашфи ин сарзамини пурасрор» номидаанд, ВМКБ ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, дар минтақа бунёдкорӣ ва созандагиҳои азими аср шурӯъ шуданд. Бо ибтикору дастгирии Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар роҳу пулҳо сохта шуда, мардуми Бадахшон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба ҷониби Чину Афғонистон ва мамолики Осиёи Марказӣ роҳ пайдо карда, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад.

Таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-маърифатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим буда, дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят саҳифаи нав боз намуд. Донишгоҳ ба ҳамаи душвориҳои солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ нигоҳ накарда, чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Ҳамчун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард.

Мо имрӯз номи ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф Моёншо Назаршоевро ба некӣ ёдоварӣ менамоем, ки дар таъсиси Донишгоҳ саҳм гузоштааст. Бесабаб нест, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ин фарзанди фарзона номгузорӣ шудааст.

Нахустин ректори Донишгоҳ доктори илмҳои физика-математика, ҳоло академики Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов таъйин шуда, дар ташкилу поягузории он ва ҷалби кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ба ин донишгоҳ фаъолияти пурсамар намуда, барои пешрафти минбаъдаи он шароит ба вуҷуд овард.

Дар солҳои минбаъда донишгоҳро узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, шодравон Хаёлбек Додихудоев, академик, доктори илмҳои физика-математика, профессор Мирганд Шабозов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков, доктори илмҳои техникӣ Имомёрбек Қаландарбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода роҳбарӣ намуда, дар пешрафти он корҳои назаррас анҷом доданд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар зарфи 30 соли фаъолият ба маркази бузурги илмӣ табдил ёфта, мутахассисони соҳаҳои гуногунро тайёр намуд. Миёни дастпарварони донишгоҳ вазирон, вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони мақомоти давлатӣ, шоирон, рӯзноманигорон, даҳҳо номзаду доктори илм ба камол расидаанд. Хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаҳои номзади илм, доктори илм гардида, фаъолияти пажӯҳишии худро идома дода истодаанд.

Донишгоҳ дар соли аввали фаъолият аз ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) таркиб ёфта, 200 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта буд. Он замон дар донишгоҳ 25 омӯзгор, аз ҷумла 1 доктори илм ва 6 номзади илм аз якуми октябри соли 1992 ба кор шурӯъ карда буданд.

Айни замон дар донишгоҳ 8 факултет, 21 кафедра амал менамоянд, ки дар онҳо 14 доктори илм ва 61 номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Неруи кадрии донишгоҳ сол ба сол такмил ёфта, аз миёни ҳайати профессорону омӯзгорон аъзои пайваста ва вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои Вавилов, Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф, ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, дорандаи мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Донишгоҳро даҳҳо ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла педагогӣ, хатм намудаанд, ки аксарияти онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии на танҳо вилоят, балки дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалии дохилӣ ва хориҷи кишвар кор мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни ироаи Паёмҳои хеш дастуру супориш медиҳанд, ки вобаста ба талаботи замон ва стандартҳои ҷаҳонӣ мутахассисони касбӣ бояд тайёр намуд. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ мутахассисон омода мегарданд.

Ҳоло шумораи умумии донишҷӯён 3431 нафар буда, аз ин 2242 нафар дар шакли рӯзона ва 1090 донишҷӯ ғоибона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд. Инчунин, дар шуъбаи магистратура 89 нафар, дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси PhD 10 нафар дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил доранд.

Ҳоло беш аз 200 нафар ҷавонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи кишвар дар донишгоҳ таҳсил мекунанд.

Пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ низ сол ба сол таҳким ёфта, айни ҳол шаш синфхонаи компютерӣ, ду маркази инноватсионӣ, маркази Ҳиндустон ва як кабинети лингофонӣ, шаш лабораторияи таълимӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд.

Дар айни замон як китобхонаи марказӣ, китобхонаи факултети забонҳои хориҷӣ, китобхонаи маркази иқтисод, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаи хобгоҳи донишҷӯён фаъолият доранд, ки фонди умумии онҳо зиёда аз 97378 китобро дар бар мегирад.

Соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси бинои таълимии донишгоҳ гузошта шуд. Ин тадбири муҳим, пеш аз ҳама, баҳри ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани шароити таҳсили донишҷӯён ба инобат гирифта шуда, сохтмони он ҳоло идома дорад.

Соли 2010 ва 2014 ду бинои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷуён бунёд гардида, имкон дод, ки донишҷӯён аз деҳоти дурдасти вилоят ва дигар манотиқи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар шаҳри Хоруғ ба бунёди шаҳраки ҷавонон-донишҷӯён замина гузошта шуд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ на танҳо вазифаи таълиму тарбияи мутахассисонро иҷро мекунад, балки ҳамчун маркази илмӣ дар гирд овардани неруҳои зеҳнӣ аз ноҳияҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ саҳми арзанда дошта, ба пайванди риштаҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор мегузорад.

Дар донишгоҳ аз рӯи бахшҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ тадқиқоти илмӣ анҷом дода мешаванд. Ҳайати профессорону омӯзгорон чандин китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ, васоити методӣ ва ҳазорон мақолаҳои илмӣ, методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расондаанд. Устодон дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба бахшҳои гуногуни илм дар Русия, ИМА, Испания, Англия, Эрон, Филиппин, Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо бо маърузаву гузоришҳо баромад кардаанд.

Натиҷаҳои тадқиқоти ҳайати омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯён дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи Хоруғ» дар бахшҳои илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва гуманитарӣ нашр мешаванд. Нашрияи илмии донишгоҳ — “Паёми ДДХ ба номи М. Назаршоев” дар баробари нашрияҳои бонуфузи илмӣ ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.

Донишгоҳ бо марказҳои илмии Русия ва дигар кишварҳои ИДМ низ робитаҳои илмӣ дорад. Аспирантон ва докторантон дар Донишгоҳи давлатии Москва, Санкт-Петербург, пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, риёзиёт, этнология ва мардумшиносии АИ Русия, Донишгоҳи давлатии Украина, Академияи илмҳои Қирғизистон рисолаҳои илмиро бомуваффақият ҳимоя кардаанд.

Ҳамасола муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ бо марказҳои илмии донишгоҳҳои хориҷи кишвар мустаҳкам гардида, хатмкардагони он дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Англия, ИМА, Олмон ва дигар давлатҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаи магистр, номзади илм ва доктори илм гардидаанд. Ҳамзамон донишгоҳ бо 12 лоиҳа ҳамкорӣ намуда, 6-тои онҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ мебошанд. Тариқи инлоиҳаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ба хориҷи кишвар сафар намуда, донишу малакаи хешро сайқал медиҳанд.

Мутобиқи барномаҳои мазкур устодону донишҷӯён дар семинарҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Испания, Австрия, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Португалия, Булғория, Руминия, Эстония, Туркия ва дигар мамлакатҳо иштирок намуда, дониши худро такмил доданд.

Аз рӯи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар донишгоҳ 18 озмоишгоҳ ва марказҳои илмӣ, аз қабили лабораторияи минерология ва петрография, канданиҳои фоиданок, утоқи илмҳои муҳандисӣ, синфхонаҳои инноватсионӣ, эксперименталии экологӣ, маркази «Интеллект» барои донишҷӯдухтарон, маркази илмӣ-тадқиқотии иқтисодӣ ва гармхонаи таҷрибавӣ дар деҳаи Ҷелондӣ фаъолият доранд.

Давоми 10 соли охир донишгоҳ бо шарикони рушду муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ 50 созишномаю ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар ин муддат дар доираи 25 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкории судманд тавсеа ёфта, зиёда аз 100 семинару конфронсҳои байналмилалӣ гузаронда шуданд. Инчунин 180 нафар устодон дар семинару ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Рақобати шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ аз мо дониши баланд ва мудирияти касбӣ тақозо менамояд. Дастовардҳои донишгоҳ ҳанӯз қонеъкунанда набуда, раёсати навтаъйини он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат барномаи рушди донишгоҳро барои панҷ соли оянда таҳия намуда, фаъолияти минбаъдаро дар асоси он ба роҳ мемонад.

Нақшаи дурнамо ва афзалиятноки рушди донишгоҳ дар асоси талаботи муосир ва хусусияти хоси табиати минтақа ба инобат гирифта шуда, ҳамгироӣ бо низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, шароити зисти омӯзгорон аз ҳадафҳои асосӣ ба хисоб мераванд.

Бо ин мақсад, мо бояд вазифаҳои зеринро иҷро намоем:

— Ба бозори меҳнат мутобиқ намудани таҳсилот ва мувофиқи талаботи бозори меҳнат тайёр намудани мутахассисон;

— Мавриди истифода қарор додани бинои ҳозиразамони таълимӣ бо таҷҳизоти муосири электронӣ — иттилоотӣ.

— Ташкили озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои электронӣ, иттилоотӣ (биологӣ, химиявӣ, геологӣ).

— Рушди сохторҳои илмию инноватсионӣ барои таъмини самараноки корҳои илмӣ-методӣ.

— Ташкили маркази технопаркӣ-биологӣ, гармхона, гиёҳшиносӣ дар мавзеи Ҷелондӣ дар заминаи истифодаи обҳои гарм ва қитъаи замини таҷрибавӣ дар ноҳияи Рӯшон бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ.

— Ташкили маркази технопаркӣ- геологӣ дар мавзеи кӯҳи Лаъл бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқоти илмӣ- истеҳсолӣ.

— Такмили идоракунӣ.

Раёсати донишгоҳ аз он миннатпазир аст, ки бо назардошти вазъи ҷуғрофӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат пайваста дастгирӣ меёбад. Ҳайати устодону кормандон аз ин дастгириҳо амиқан миннатдор буда, дар навабати худ бо азму талоши қавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то мутахассисони ҷавобгӯи замонро бо донишу малакаи замонавӣ, дорои мафкураи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, ҷаҳонбинию тафаккури миллӣ ба камол расонда, дар рушди ояндаи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Амид КОМИЛБЕК,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 20, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти илму маориф тақвият меёбад
Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аҳли илму маориф ботантана ҷашн гирифтанд
Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
«НАВРӮЗ — МУЖДАИ БАҲОРУ САРСАБЗИИ ТАБИАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд
НАВРӮЗ-ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАРҒИБГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мулоқот доир шуд
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Геология дар макон ва замон» доир шуд
Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд