Сокинони деҳаи Меҳргони шаҳри Турсунзода мактаб месозанд

Август 14, 2022 09:38

ТУРСУНЗОДА, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Ин суханони ҳидоятгаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони бонангу номуси деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода сармашқи кори худ қарор дода, дар назди муассисаи таълимии №80 дастҷамъона бинои иловагӣ сохта истодаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Сокинони деҳа аз ҳисоби худашон баъд аз омода намудани пояи асосии бино бардоштани девори муассисаро оғоз намуданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода Умеда Негматуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки “дар бинои иловагӣ 300 ҷои нишаст пешбинӣ гардида, дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад”.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 25 муассисаи таълимӣ сохтмони 265 синфхонаи иловагӣ барои 6360 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 14, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд