ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июл, сешанбе, 214-умин рӯзи соли 2022 аст
2 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
***
9 сол пеш, 2 августи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои матбуот изҳорот дода, аз ҷумла зикр намуданд: «Мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи кишварҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем».
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
2 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.
***
Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Гаяна – Рӯзи озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
2 августи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо имзои Фармони худ иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорумро даъват намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро ба баррасии он пешниҳод карданд.
***
2 августи соли 2006 дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги Ишкошими ВМКБ дар сарҳади байнидавлатии Тоҷикистон ва Афғонистон бозори наздисарҳадӣ барои хариду фурӯши маҳсулоти дуҷониба ифтитоҳ гардид.
***
2 августи соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он 64 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, ИМА, Олмон ва Исроил ширкат доштанд.
***
2 августи соли 1914 Олмон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1941 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА мубодилаи номаи ёддошт сурат гирифта, ИМА омодагии худро барои ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг кумак расонидан баён дошт.
***
2 августи соли 1946 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ёрии СММ таъсис дода шуд.
***
2 августи соли 1993 Гурҷистон рублро бекор карда, купони худро ба муомилот баровард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони ИМА қуттии почта насб гардид.
***
Соли 1937 дар Олмон калонтарин хор дар таърихи башарият суруда шудааст, ки дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.