Ҳайати шаҳри Липетск бо мақсади дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ ба шаҳри Хуҷанд омад
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳайати меҳмонони шаҳри Липетски Федератсияи Россияро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд омадааст, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.
Фирдавс Шарифзода зикр кард, ки “бо шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии давлатҳои Тоҷикистон ва Россия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дарвоқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаем”.
Таҳкими ҳамкории минтақавии ин ду кишвари стратегӣ дар сатҳи шаҳру вилоятҳо бозгӯи густариши пайваста мебошад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки шаҳри Хуҷанд дорои зарфияти бузурги ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки меҳмонон баъди шиносоии пурра бо имконоти мавҷудаи шаҳри бостонии Хуҷанд дар таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ саҳм мегузоранд.
Раиси Шӯрои вакилони шаҳри Липетск Александр Афанасев аз пазироии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки “ҳадаф аз сафари ҳайат дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ, истифодаи зарфияти мавҷуда ва тақвияти ҳамкории минбаъдаи шаҳрҳои Хуҷанду Липетск мебошад”.
Ба ҳайати меҳмонон муовини Раиси шаҳри Липетск Ирина Артёмова, мудири департаменти маорифи шаҳри Липетск Светлана Бедрова ва сардори раёсати корҳои маъмурияти шаҳр Наталя Попова шомиланд.
Тибқи нақша, имрӯз ҳайати меҳмонони Липетски Федератсияи Россия аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуда, дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва кишвари Красноярск иштирок мекунад.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






