Ба шарафи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Бонки Эсхата» ва НБП «VISA» иқдоми якҷоя эълон менамоянд

Сентябрь 8, 2022 12:20

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бонки Эсхата» ва НБП «VISA» иқдоми якҷояи «Бурди афсонавӣ» оғоз менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар «Бонки Эсхата» хабар доданд.

Мизоҷон акнун ҳангоми пардохт бо корти VISA-и «Бонки Эсхата» имкон доранд роҳхат барои ду нафарро ба мамлакатҳои гарм бурд кунанд ё соҳиби смартфони зебои iPhone 13 Pro Max шаванд.

«Мизоҷоне, ки бо корти VISA-и «Бонки Эсхата» дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ пардохт мекунанд ё дар интернет-мағозаҳо бо корт ба маблағи на камтар аз 100 сомонӣ  харид мекунанд, иштирокчии ин иқдом мегарданд. Ба онҳо давоми 3 рӯз пас аз пардохт  бо рақами тартибии иштирокчӣ SMS-паёмак меояд»,- гуфтанд дар «Бонки Эсхата».

Иқдом 9 сентябри соли 2022 оғоз шуда, аз 4 давр иборат аст: даври 1-уми он 30.09.2022 ба охир мерасад ва 3 саёҳат барои ду нафар ба Мисри пурасрор бурд карда мешавад. Инчунин иштирокчии аз ҳама фаъол соҳиби 1 туҳфа — 1 iPhone 13 Pro Max мегардад.

Даври 2-юми иқдом 31.10.2022 ба охир мерасад ва 3 саёҳат барои ду нафар ба Туркияи офтобрӯя бурд карда мешавад. Иштирокчии аз ҳама фаъол соҳиби 1 туҳфа — 1 iPhone 13 Pro Max мегардад.

Даври 3-юми иқдом 30.11.2022 ба охир мерасад ва ва се нафари хушбахт ба АМА-и афсонавӣ (Дубай) барои ду нафарӣ роҳхат хоҳанд гирифт. Иштирокчии аз ҳама фаъоли даври 3-юм низ соҳиби смартфони iPhone 13 Pro Max хоҳад гардид.

Даври 4-уми иқдом 31.12.2022 ба охир мерасад  ва ҳамчунин се ғолиб соҳиби роҳхат барои ду нафарӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб (Дубай) мешаванд. Иштирокчии аз ҳама фаъоли даври 4-ум соҳиби смартфони iPhone 13 Pro мегардад.

АКС: «Бонки Эсхата»

Сентябрь 8, 2022 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид