Бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд

Сентябрь 4, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу соли оянда як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд ва аз ҷониби гурӯҳи махсуси таъйиншуда аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) назорат мешавад. Дар ин бора директори Департаменти бозиҳои осиёии ОСА Ҳайдар Фармон дар нишасти маҷозии Кумитаи варзиши ОСА 25 август хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ҳайдар Фармон гуфт, ки «Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз ҷониби КБО эътироф нашудааст ва мо тасмим гирифтем, ки ҳамин мавқеъро ишғол кунем ва ба ҷои он як гурӯҳи корӣ барои мудирияти варзиши бокс дар Бозиҳои Осиё таъйин кунем. Се ҳафта пеш Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) бо мо тамос гирифта, гуфт, ки Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу як мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Париж-2024 хоҳад буд. Ба ин тартиб, КБО вакили фаннии боксро дар Бозиҳои Осиё таъйин мекунад ва онҳо марҳилаҳои интихобиро идора мекунанд”.

КБО Ассотсиатсияи байналмилалии боксро (IBA) соли 2019 аз ширкат дар Олимпиадаи соли гузаштаи Токио ба далели мушкилоти идоракунӣ, молия, доварӣ ва ахлоқ маҳрум кард. Онҳо инчунин изҳор доштанд, ки IBA масъули мусобиқаи бокс дар Олимпиадаи Париж-2024 нахоҳад буд.

Таҷрибаи маъмулӣ дар бозиҳои байналмилалии маҷмӯии варзишӣ, ба мисли Олимпиада ва Бозиҳои Осиё ин аст, ки федератсияи байналмилалӣ ё федератсияи Осиё масъули ин ё он варзиш аст.

Аммо ба далели идома ёфтани мушкилоти марбут ба IBA, КБО тасмим гирифт, ки мустақилона мусобиқоти олимпии боксро идора кунад — ин мавқеъро ҳоло Шӯрои олимпии Осиё мувофиқа мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тағйироти дигар ин аст, ки мусобиқаи бокс дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу аз рӯи 13 вазн сурат хоҳад гирифт, вале дар мувофиқа бо Париж-2024 ҳафт мусобиқа байни мардон ва шаш мусобиқа байни занон хоҳад буд. Қаблан 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон буд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард