Дар Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони бинои нави мактаб оғоз гардид

Сентябрь 25, 2022 09:47

Ш.ШОҲИН, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои буҷавӣ дар деҳаи Тудании Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Бино дуошёна буда, дорои хонаи омӯзгорон, китобхона ва синфхонаҳои фаннӣ мебошад. Барои сохтмони бинои муассиса, ки бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин мегардад, шароити корӣ муҳайё буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ ҶДММ « Ориён»-и шаҳри Кӯлоб пеш бурда истодааст.

Яке аз масъалаҳои асосӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ- техникии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ масъалаи мазкур дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қарор дорад.

Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар асоси барномаи давлатӣ оид ба таъмиру навсозии мактабҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муассисаҳо аз нав сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ таъмин шуданд. Ҳоло дар назди панҷ муассисаи таълимии ноҳия сохтмони биноҳои нави иловагӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7- и деҳаи Дараи Оби Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, сохтмони бинои нави иловагӣ барои 240 нафар хонанда оғоз гардидааст, ки пудратчии он ҶДММ «Фаридун» мебошад.

Бо сабаби зиёд шудани шумораи хонандагон ва мушкилии нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №10 –и ноҳия сохтмони бинои нав ба роҳ монда шуд. Кулли омӯзгорону толибилмони ин таълимгоҳ аз чунин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, азм доранд дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати таълиму тарбияро баландтар бардоранд.

Ёдрас менамоем, ки давоми солҳои истиқлолият дар шаҳру деҳоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин якчанд муассисаҳои нави таҳсилоти ҳамагонӣ, мактабҳои шакли нав бунёд гардида, ин раванд ҳамоно идома дорад. Чунин ғамхорию дастгирӣ нисбат ба мактабу маориф аст, ки сол аз сол вазъи таълиму тарбия дар ноҳия беҳтар мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд