Дар Бадахшон дар арафаи ҷашни Рӯзи омӯзгор ғолибони озмуни «Муаллими сол» муайян шуданд

Сентябрь 30, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Рӯзи омӯзгор  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳри Хоруғ озмуни «Муаллими сол» ҷамъбаст гардид. Аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон омӯзгорон  аз ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадаминова ғолиби ҷойи  якум,   Шаҳноза Туробова аз ноҳияи Шуғнон ҷойи дуюм ва  Дилангез Амирбекова аз ноҳияи Ишкошим сазовори ҷойи сеюм гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Дар ҷамъбасти озмун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков ва сардори Раёсати маорифи вилоят Аминҷон Мирзоқандов иштирок дошта, оид ба моҳияти баргузории озмун сухан гуфтанд. Ғолибони озмун бо  мукофоти пулӣ ва иштирокчиёни фаъол бо «Ифтихорнома»-и Раёсати маорифи ВМКБ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад, ки имсол он ба 2 октябр рост омад. Бо дарназардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ  ва рисолати устод дар ҷомеа таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».

Мавриди зикр аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид намуд, омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд ва бо ин дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад.

Акс: МИҲД ВМКБ

Сентябрь 30, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид