Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои он миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва хизматрасонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач, намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок намуданд.
Зимни форум ҷонибҳо имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Россияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкории сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи форум роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҳарду ҷониб соҳаҳои афзалиятноки қобили таваҷҷуҳро муаррифӣ карданд.
Мақсад аз баргузории форум- ин густариши ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ, инчунин муаррифии имконияти сармоягузорӣ мебошад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






