Дар Душанбе низоми пардохти электронии роҳкироро баррасӣ намуданд

Сентябрь 17, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 17.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе ҳудуди 80-85 фоизи пардохтҳо на танҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ, балки дар ҳама самтҳо ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ба роҳ монда мешавад ва ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин самт ташаббус нишон дода, саҳми босазои худро дар амалишавии он гузорем. Ин матлабро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода дар ҷаласаи кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт иброз намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо иститнод ба МДК «Душанбенаклиётхадамотрасон» хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе» баррасӣ гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иброз намуд, ки амалишавии қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31.07.2017, яъне гузаштан ба низоми пардохти электронии роҳкиро дар ду марҳила, марҳилаи якум дар автобусу троллейбусҳо, ки он алакай амалӣ гардида, мавриди иҷро қарор дорад ва марҳилаи дуюм дар дигар воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз қабили воситаҳои нақлиёти микроавтобус ва кироякаш (таксӣ) амалӣ карда мешавад.

Зикр шуд, ки амалишавии низоми пардохти электронӣ, ин пеш аз ҳама, ба шаффофият ва беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт замина мегузорад. Аз ҷониби шахсони масъули ҶСП «Душанбе сити бонк» ба иштирокдорони ҷаласа Пос-терминал (таҷҳизоти тавассути корт пардохткунандаи маблағ) рӯнамоӣ гардида, гуфта шуд, ки Пос-терминалҳое, ки дар нақлиёт насб карда мешаванд, на танҳо корти нақлиётӣ, балки ҳама гуна кортҳои бонкии Тоҷикистонро қабул менамоянд.

Зимни рӯнамоии таҷҳизоти Пос-терминал доир ба уҳдадорӣ ва ҳолати истифодаи он бо роҳбарони корхонаву ширкатҳои нақлиётӣ саволу ҷавоби озод доир гардида, роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ даъват намуданд, ки аз ҷониби масъулини ҶСП «Душанбе сити бонк» вобаста ба ин барнома бо ронандагон дар ҷамъияти нақлиётӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шаванд.

АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

Сентябрь 17, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид