Дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан бинои иловагӣ сохта мешавад

Сентябрь 13, 2022 14:12

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан» бинои иловагӣ барои 120 ҷойи нишаст сохта мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бинои мазкур тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва синфхонаҳои таълимию компютерӣ, утоқи омӯзгорон, хобгоҳи духтарона ва писарона, ҳаммом, ҷомашӯйхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст. Он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бунёд мегардад.

Ҳоло қариб 100 нафар тарбиятгирандагони ятиму нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд дар мактаб-интернати шаҳрӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо либоси мактабӣ, нигоҳубини доимӣ, ҷойи хоб ва дигар шароити зист таъмин мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 13, 2022 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид