Дар ноҳияи Дарвоз муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик гузошта мешаванд

Сентябрь 18, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра ва Абдулло Назрӣ аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз.

Дар баробари ин дар деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаихум муҷассама ва Осорхонаи шоир Мӯъмин Қаноат низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар муддати 31 соли истиқлолият дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд, аз ҷумла кушодашавии роҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи шоҳроҳи Шкев — Қалъаихум ва дар марҳилаи ифтитоҳ қарор доштани аввалин нақби мошингузар дар ноҳияи Дарвоз туҳфаи арзишманд барои кулли сокинони ноҳия ва мардуми Бадахшон буда, имрӯз сохтмони қитъаи алоҳидаи шоҳроҳи Қалъаихум-дарвозаи Рӯшон бо маром идома дорад.

Дар ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, аз ҷумла НБО-и хурди «Ширг 1 ва 2», «Карон-мармар», «Карон-гавҳарнигор», «Кохи бонувон», «Шимшо», «Таком-голд», «Ахтари меҳр», «Карон-калсит», «Парки инноватсионии технологию саноатӣ» ва боз даҳҳои дигар ба истифода дода шуда, фаъолият доранд, ки дар ғанӣ намудани буҷети маҳаллӣ ва пайдо сохтани ҷойи нави корӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз бунёди 103 иншоот дар назар буда, аллакай 11 адади он аз тарафи соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия ба истифода дода мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Сентябрь 18, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустнамоиши филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад