Дар ноҳияи Сангвор ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз ёфт
САНГВОР, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили ғалладонагӣ ва картошка кишоварзони ноҳияи Сангвор то имрӯз ҳосили зиёда аз 372 гектар картошказорро пурра ҷамъоварӣ намуда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 233,2 сентнер ҳосил рӯёнида истодаанд.
Муовини якуми Раиси ноҳияи Сангвор Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадизода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД гуфт, ки «имсол картошкапарварони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои кишоварзӣ дар майдони 1136 гектар картошка кишт намуданд. Ҳоло деҳқонон ҷаҳду талош доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Хушбахтона, барои сари вақт ҷамъ овардани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, зиёда аз 45 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ барои кандану ҷамъоварии картошка ба ҷамоатҳои деҳот равона карда шудаанд, то деҳқонон ҳосили картошкаро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд».
Мувофиқи маълумоти шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони умумии 1540 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 214 гектар сабзавот, дар 50 гектар зироати техникӣ ва дар 52 гектар хӯроки чорво кишт шудааст. То имрӯз майдони умумии ғалладонагии ноҳия пурра ҷамъоварӣ шуда, 5575 тоннаро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






