«ДУНЁИ РАНГИНИ КӮДАКОН». Дар Суғд ғолибони озмуни фосилавӣ муайян гардиданд

Сентябрь 5, 2022 09:07

СУҒД, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои давраи таътили тобистона бо тавсияи Раёсати маорифи вилоят ва дарёфти истеъдодҳои нав, рушди малакаву маҳорат ва қобилияти зеҳнӣ, инчунин самаранок истифода намудани давраи таътили тобистона озмуни фосилавии «Дунёи рангини кӯдакон» эълон намуда буд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар доданд, озмуни мазкур миёни ду категорияи синнусолӣ: кӯдакони хурдсоли мактабии синфҳои 1-4 ва хонандагони синфҳои 5-9 аз рӯи шартҳои видеоролики беҳтарин, акси беҳтарин, расми беҳтарин ва эссе дар мавзӯъҳои «Чӣ тавр ман давраи таътилро сипарӣ намуда истодаам», «Мо — кӯдакони насли хушбахти Истиқлол», «Истеъдоди ман», «Дар оғӯши табиати биҳиштосои диёр», «Машғулияти муфиди ман дар давраи таътил» ва «Китоб — маъвои хирад» баргузор шуд.

Ба кумитаи тадорукоти озмун тӯли 2 моҳ аз ҷониби хонандагон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, почтаи электронӣ дар номинаи расми беҳтарин — 500 расм, акси беҳтарин — беш аз 700 аксҳои ҷолиб, 40 видеоролик ва 800 эссе пешниҳод гардиданд. Дар умум дар озмуни мазкур беш аз 3 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзои маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолона иштирок намуданд. Хонандагон ба ин восита аз давраи таътили тобистонаи худ ба ҳамсолон гузоришҳоро дар шакли хаттӣ, видео ва расм пешниҳод намуданд. Беҳтарин корҳо то анҷоми озмун давра ба давра дар саҳифаи расмии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд муаррифӣ карда шуда, ҳаводорони зиёд пайдо намуданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз сабаби зиёд будани теъдоди иштирокчиён Кумитаи тадорукоти озмуни мазкур 70 нафар беҳтаринҳоро муайян намуд ва онҳо расман ғолиби озмун ҳисобида шуданд.

Маросими қадршиносии ғолибони озмун бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Маркази таҳсилоти иловагии вилоят минбаъд низ бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузории чунин озмунҳоро ба хотири дарёфти истеъдодҳои нав ба роҳ мемонад.

АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

Сентябрь 5, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад