ҲХДТ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ аксияи ҷумҳуриявии «Албом-эстафета» роҳандозӣ менамояд

Сентябрь 14, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии «Албом-эстафета» доир мегардад. Аксияи мазкур бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ мешавад. Ҳамоҳангсози баргузории аксия Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мебошад, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Тавре Илҳомҷон Ҳамидиён иброз дошт, мақсад аз баргузории аксияи ҷумҳуриявии «Албом-эстафета» тарғибу ташвиқи аҳаммияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.

«Дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фармоиши Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир мегардад. Албом-эстафета байни аъзои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии Қасри маданияти Арбоб ҷамъбаст мегардад ва аз номи ҳизбиёни ҷумҳурӣ ба осорхонаи ин боргоҳ тақдим хоҳад шуд», -тазаккур дод Илҳомҷон Ҳамидиён.

Иттилоъ дода шуд, ки Албоми мазкур бо навбат аз санаи 12 то 22-юми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22-юми сентябр то 5-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз 5-уми октябр то 14-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, аз 14-уми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз 3-юми ноябр то 6-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ворид мегардад ва масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи барномаи алоҳида дар вазъияти тантанавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияи худ Албомро қабул менамоянд.

Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намоянд. Дар ҳошияи баргузории аксияи марзкур чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо, ҳамоишҳо ва конфронсҳову нишастҳо бо иштироки вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб ва ҷавонон баргузор мегарданд.

Албом – эстафета бо баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷавонон таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ва бо баргузории ҳамоиши ҳизбиён дар маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии Қасри маданияти Арбоб ҷамъбаст мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб мешавад.

Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва Кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро маҳз дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

АКС: маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Сентябрь 14, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад