ҚИРҒИЗИСТОН ДУРӮҒГӮИРО ДАВОМ МЕДИҲАД. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд

Сентябрь 20, 2022 18:45

ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Чунин изҳорот дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ вобаста ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов.

Дар робита ба ин Вазорати корҳои хориҷии кишвар бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъ дар фазои расонаӣ тасдиқ кард.

Бояд гуфт, ки 19 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амнияти давлатии ду кишвар ба имзо расидани протокол дар бораи танзими вазъ дар марз истиқбол гардида, ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки риояи катъии он имкон медиҳад то раванди музокирот аз рӯйи тамоми маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таҷдид карда шавад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 20, 2022 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд