П Р О Т О К О Л. Тоҷикистон ва Қирғизистон санад дар бораи баргардонидани қувваҳои иловагӣ ва техникаҳои ҳарбиро ба маҳалли доимиашон имзо намуданд

Сентябрь 20, 2022 14:23

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти навбатии кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар симои роҳбарони гурӯҳҳои корӣ — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев Протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешаванд.

Бо мақсади роҳ надодан ба авҷгирии минбаъдаи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бар асоси муносиботи неки ҳамсоягӣ ва пайи иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда тарафҳо дар мавриди ба эътидол овардани вазъ ба мувофиқа расида, Протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.

Тибқи ин санад, тарафҳо уҳдадор гардиданд, ки амалиёти низомӣ, истифодаи ҳама гуна аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд пурра қатъ намуда, қӯшунҳо ва техникаи ҳарбиро аз минтақаи марзии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд ба маҳалли доимияшон баргардонанд.

Ҳамчунин санҷиши муштараки дидбонгоҳҳои марзӣ ва комендатураҳои сарҳадӣ барои мавҷудияти техникаи вазнини низомӣ дар онҳо, ки хоси сохторҳои марзӣ нест, ташкил карда мешавад. «Дар сурати пайдо шудани он тадбирҳои ҳамоҳанггардида андешида, онро ба масофаи на камтар аз 10 километр аз минтақаҳои наздисарҳадӣ дур мекунанд»,-гуфта мешавад дар Протокол.

Дар пойгоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» (Тоҷикистон) барои назорати иҷрои созишҳои дар Протоколи мазкур нишондодашуда аз ҷумлаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти амният ва корҳои дохилии ҳарду давлат комиссияи кории муштарак ташкил карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти комиссияи корӣ санадҳо тартиб дода мешаванд, ки ба онҳо роҳбарони ҳарду комиссия имзо мегузоранд.

«Иҷрои қатъии муқаррароти санадҳои имзошуда барои ҳарду ҷониб ҳатмист», — таъкид мешавад дар санад.

Ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шуд, ки тадқиқи ҷиддии даргириҳои мусаллаҳонаеро, ки 14-17 сентябри соли 2022 дар минтақаи марзии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон рух дода, боиси талафоти одамон, зарари калони маънавӣ ва моддии ду ҷониб гардиданд, ба роҳ монда, сабаб ва омилҳои онро муайян намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2022 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»