«IRS»: Роҳи самти Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ ба дарозии 3958 метри мураббаъ таъмири куллӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 496,4 тонна асафалти хушсифат 3958 метри мураббаъ роҳи самти Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардид, ки ин иқдом берун аз уҳдадориҳои ширкат аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати мазкур хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие, ки роҳи Душанбе-Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Ҳарчанд он ба уҳдадориҳои «IRS» ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд.
Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе-Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст.
Дар заминаи таъмири куллӣ дар ин роҳ асфалти осебдида пурра бартараф шуда, бо риояи муқаррароти бахши роҳсозӣ асфалти нав хобонида шуд.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






