ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Андешаҳои Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон дар ин бора

Сентябрь 8, 2022 12:07

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дастоварди бузург маҳсуб мешавад, зеро мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.

«Маҳз тавассути Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 31-сола дорад, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, то неъмати қиматтарини зиндагӣ-истиқлолияту озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем»,- чунин изҳори андеша намудааст   Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА зимни мақолаи худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Истиқлолияту озодӣ неъмати бебаҳо буда, барои ҳар миллати тамаддунсоз роҳи тараққиётро боз менамояд ва ҷиҳати рушди бемайлони он шароити мусоид фароҳам меоварад. Тоҷикистони азизи моро низ солҳои аввали асри бист ин неъмати бемисл насиб гашт ва мо бо баракати он шаҳди озодӣ чашида, дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари соҳибихтиёр ва ягона шинохта шудем. Дар ин замина нахуст рамзҳои давлатии мамлакатамонро интихоб кардем, сохтори давлатдориамонро муайян намуда, минбаъд барои пешрафти Ватанамон заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё кардем. Давраи мазкур марҳилаи ниҳоят пурпечутоб ва мушкили сиёсиву иқтисодӣ ба шумор рафта, аҳли ҷомеа бо сабру таҳаммул ва иродаи мустаҳкам онро паси сар карданд ва ба рӯзҳои неку шоиста расиданд. Ин дастовардҳои бесобиқа, пеш аз ҳама, аз бузургиву хиради азалии халқи тоҷик ва раҳнамоиву роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Дар ин марҳилаи ҳассос расидан ба истиқлолият барои миллати тоҷик шарафи бузург маҳсуб мешуд ва аксарият ба ҳифзу ҳимояи он бархоста, ба нигаҳбонии ин арзиши муҳим талош карданд. Ба ин хотир Конститутсияи давлати мустақилро тариқи интихоботи умумихалқӣ қабул карданд. Мардум ин рӯйдоди таърихиро низ ба хубӣ пазируфт ва дар асоси он барои таҳкими сохтори давлати нав боз ҳам муттаҳид гашт.

Дар идомаи ин иқдоми бузургу шоиста тариқи интихоби умумихалқӣ ба сифати Сарвари ояндаи худ Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд ва зимоми роҳбарӣ ва сарварии давлатро бар уҳдаи он кас вогузор карданд. Бешак, халқи тоҷик якҷо бо Сарвари дурандеши хеш дар пайи ободии Ватан шуданд ва дар зарфи сиву як соли соҳибистиқлолӣ ҳар гӯшаи онро ба гулистон табдил доданд.

Баъди расидан ба ҳадафҳои собитқадамона зарурати қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳои мукаммал пеш омад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҳар соҳа супориш доданд, ки якҷо бо мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва пешқадамро омӯхта, барномаҳои мукаммали соҳавӣ таҳияву омода намоянд ва барои баррасию тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Ин имкон дод, ки дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ санадҳои зарурӣ қабул шуда, роҳҳои рушди мамлакат боз ҳам васеъ гардиданд.

Масъалаи дигаре, ки бо саъю кӯшиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳал гардид ва сабаби пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷомеа гардид, таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ мебошад. Барои раҳоии аҳолӣ аз нарасидани маводи ғизоӣ Роҳбари давлат як қисми заминҳоро ба мардум тақсим намуда, инчунин ислоҳоти ин соҳаро муҳим ва саривақтӣ эълон карда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои кишоварзӣ барномаҳои зиёди давлатӣ қабул намуданд. Дар натиҷа имкон фароҳам омад, ки ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ якчанд маротиба зиёд гардад, самаранокии обу замин таъмин шавад, рӯёнидани се ҳосил дар як мавсим роҳандозӣ гардад ва аз ҳисоби заминҳои боир майдони кишт васеътар шавад. Махсусан таъмини аҳолӣ бо гандуму картошка муваффақияти назаррас дар ду даҳсолаи охир барои кишвар мебошад. Ҳамзамон барои ҳавасманд кардани деҳқонон Сарвари давлат имтиёзҳои алоҳида ҷорӣ намуданд, ки кишоварзонро рӯҳбаланд ва ҳавасманд гардониданд.

Баробари пешрафти соҳаҳои афзалиятноки кишвар, махсусан саноат, истихроҷи канданиҳои фоиданок, бунёди корхонаву коргоҳҳо Сарвари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чаҳорум – саноатикунонии босуръати кишварро эълон карданд, ки он барои тараққиёти соҳаҳои мухталифи саноат ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ роҳи васеъ боз намуд. Дар ин замина садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар кишвар таъсис ёфтанд, корхонаҳои бекорхобида ба фаъолият оғоз намуданд ва саноати кӯҳиву металлургӣ пеш рафта, барои тараққиёти бемайлони Тоҷикистон роҳи васеъ боз гардид.

Бо ин иқдоми шоиста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳибкориро дар кишвар беҳтар намуданд ва барои ворид шудани сармояи мустақим шароит фароҳам оварда, вазъи моддиву иҷтимоии коргаронро дар кишвар беҳтар гардониданд. Инчунин садҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки дар таъмини аҳолии бекор нақши калидӣ бозиданд. Барои боз ҳам рушд намудани ин соҳаи ҳаётан муҳим ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар солҳои 2022 – 2025-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд, ки дар рушду тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ нақши арзишманд хоҳад бозид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиву як соли даврони Истиқлолият инчунин ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ низ аҳаммияти аввалиндараҷа доданд ва дар ин муддат пешравиҳои назаррасро соҳиб шуданд.

Хидмати шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илм иборат аз он аст, ки он кас ба мисли баъзе кишварҳои минтақа Академияи илмҳоро барҳам надоданд, балки баръакс, барои таҳкими пояҳои моддиву техникии он талош карданд. Дар ин самт Роҳбари давлат якчанд барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳо қабул намуданд, ки онҳо ба рушди илми ватанӣ ёрии амалӣ расониданд.

Пешвои миллат дар таъсиси якчанд муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти об, Маркази омӯзиши пиряхҳо, Институти иқтисодиёт ва демография ва бисёр марказҳои дигар саҳми бевосита дошта, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар хориҷ ва дохили кишвар нақши арзанда гузоштаанд.

Маориф низ бо саъю талоши бевоситаи Раҳбари хирадманд ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафт ва дар ин давраи таърихӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат аз соли 2004 ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад. Дар ин давра ба ҷои беш аз 90 мактабе, ки дар хонаҳои шахсӣ қарор доштанд ва 78 мактабе, ки дар вагонхонаҳо фаъолият мекарданд, мактабҳои замонавӣ бунёд шуданд, ки ин дар марҳилаи кӯтоҳ дастоварди бузург ба шумор мерафт. Давоми соҳибистиқлолӣ беш аз 3400 муассисаи хурду бузурги соҳаи маориф бунёд шуданд.

Ба ғайр аз ин дар асоси ислоҳоти мазкур беш аз 150 мактаби типи нав, ба монанди литсей, гимназия, мактабҳои президентӣ дар ҷойи холӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо дар тарбияи маънавии насли наврас таъсири амиқ гузоштанд. Ҳамзамон дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маротиб зиёд гардида, миқдорашон аз 50 зиёд гардид ва фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба маротиб зиёд шуд.

Танҳо боло бурдани маоши омӯзгорон имкон медиҳад, ки сифати таълим дар мактабҳо беҳтар гардад.

Бояд гуфт, ки дар раванди ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан назаррас мебошад. Он кас дар се марҳилаи ислоҳоти соҳаи маориф шахсан иштироки фаъолона карда, барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат қабул намуданд. Махсусан қабули ҳуҷҷати аз ҳама муҳим — “Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон” дар ду марҳала имкон дод, ки навсозӣ ва рушди соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин гардад ва мушкилоти ҷойдошта давра ба давра бартараф шаванд. Ин Стратегияи миллиро шарикони рушд ҳам дастгирӣ намуданд ва барои тараққиёти ин самти афзалиятноки кишвар ҷудо кардани қарзу грантҳои алоҳида ва имтиёзнокро муҳим ва сарвақтӣ дониста, аз ҳар ҷиҳат соҳаи маорифро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа на танҳо низоми таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки бо суръат пеш рафта, боиси таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ гардид. Дар ин замина инчунин таҳсили фарогир ва рақамӣ ба роҳ монда шуд, ки дар соҳаи маориф навгонӣ ба шумор меравад. Барои ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаи маориф дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз якуним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Дар низоми сиёсати хориҷӣ низ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят чашмрас мебошад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид фаъолона иштирок карда, ҳамчун намояндаи комилҳуқуқи он дар қарору қатъномаҳо имзо мегузорад ва мисли дигар давлатҳо соҳиби овози ягона мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нармро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тарғиб намуда, дар фаъолиятмандии иҷтимоӣ ва сиёсии худ аз арзишҳои дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм истифода ва Тоҷикистонро аз ҳар ҷиҳат ба оламиён муаррифӣ намудаанд. Муҳимтарин иқдоме, ки дар ин самт сурат гирифт, тавассути ЮНЕСКО муаррифӣ намудани мероси моддӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад. Бо ин мақсад баъзе рӯйдодҳои таърихӣ, осори қадимӣ, арзишҳои муҳимми фарҳангӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик ба рӯйхати мероси моддӣ ва ғайримодии ҷаҳонӣ ворид шуд ва Тоҷикистон бо ин роҳ бештар ба оламиён муаррифӣ гардид. Ҷашнвораҳое, аз қабили 1100 — солагии давлати Сомониён, 2500 — солагии Истаравшан, 2700 — солагии Кӯлоб, 5500 — солагии Саразми бостонӣ, ҷашни миллии Наврӯз, санъати “Шашмақом” ва “Фалак”, “Оши палов”, “Чакан” ва ғайраҳо мисоли равшани гуфтаҳои болоянд, ки ба мероси пурғановати моддӣ ва ғайримоддии ҷаҳон шомил шудаанд.

Дар баробари ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба аз минбари ин Созмони бонуфузи илмиву фарҳангӣ баромад карда, аз қадимӣ будани мардуми тоҷик, фарҳанги воло ва маҳорату истеъдоди тоҷикон дар гузашта ва имрӯз изҳори андеша намуданд. Махсусан аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардидани  нигораҳои бостонии тоҷикон дар осорхонаи Гимеи Париж ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар ин чорабинӣ, инчунин иштироки санъаткорони тоҷик дар саҳни ЮНЕСКО бори дигар тарғибгари неруи нарм будани Сарвари давлатро ошкор месозанд.

Дар ташаккули неруи нарм чопи осори адибону олимони тоҷику форс, аз ҷумла, устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ ва ғайра таъсири амиқ гузошта истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифии ин чеҳраҳои илмиву адабӣ имкон дод, ки аҳли илму адаби сайёра ба сарнавишту фарҳанги тоҷикон шинос шаванд ва таъриху маданияти тоҷиконро бештар омӯзанд. Ин раванд имкон дод, ки дипломатияи фарҳангӣ боз ҳам пеш равад ва Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат муаррифӣ гардад ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ уствор намояд.

Мояи фараҳ аст, ки ҳоло дар Фаронса, Амрико, Шветсия, Олмон, Русия ва кишварҳои дигар марказҳои алоҳидаи фарҳангӣ арзи ҳастӣ кардаанд, ки дар тарғиби санъату мусиқӣ, таъриху адабиёти халқи тоҷик ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Масалан, Маркази фарҳангиву илмии “Рӯдакӣ”-и Масъуди Миршоҳӣ дар замони соҳибистиқлолӣ арзи ҳастӣ карда, барои муаррифии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Тавассути ин марказ даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва форсӣ чоп шуда, дар тарғиби урфу одатҳои мардуми тоҷик, сазовор тарғиб намудани илму адаби тоҷикӣ нақши беназир бозидаанд.

Бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти байналмилалии “Пайванд” таъсис ёфтааст, ки дар таҳкими дипломатияи фарҳангӣ нақши сазовор мебозад. Тавассути баргузории “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё” ва фаъолияти густурдаи аъзои раёсати Ҷамъияти “Пайванд” садҳо дӯстдорони фарҳангу адабиёт аз гӯшаву канори дунё ба Тоҷикистон омада, бо дастовардҳои замони истиқлолият шинос шуданд ва бо Сарвари хирадманди тоҷикон вохӯрда, дар ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуданд. Баробари ин бо як ҷаҳон таассурот ба диёрашон баргашта, фарҳанги тоҷиконро шоиста тарғиб намуданд. Ин ҷамъияти байналмилалӣ сабаб шуд, ки тоҷиконро дар ҷаҳон бештар шиносанд ва фарҳангашонро зиёдтар тарғиб намоянд. Бешак, бояд гуфт, ки неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ имкон дод, ки маданият ва таърихи тоҷикон дар олам ба таври шоиста муаррифӣ шавад ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло равад.

Метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мушкилоти дохилиро ҳал намояд, сулҳу ваҳдатро пойдор гардонад, кишварро ба давлати рӯ ба тараққӣ мубаддал гардонад, балки дипломатияи фарҳангиро ҳамчун ҷузъи неруи нарм рушд диҳад ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ин неъмати бебаҳо асос гузошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтёр шинохта шавад, пеш равад ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар ҶУ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2022 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд