ИЗҲОРОТИ ВКХ дар бораи идомаёбии амалҳои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон

Сентябрь 22, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор медорад, ки амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамин тавр, 21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд.

Мо чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол мешуморем.

«Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб менамояд, ки фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», — таъкид карданд дар ВКХ ҶТ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд