Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониёни Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қаҳрамонмараши Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Сентябрь 13, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва Палатаи савдо ва саноати шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Баимзорасии ёддошти тафоҳум зимни вохӯрии ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Қаҳрамонмараш Шаҳин Балҷиолу сурат гирифт.

Дар мулоқот зикр гардид, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия имрӯз фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Танҳо соли гузашта воридоти сармояи мустақими туркӣ беш аз 25 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда назар ба солҳои 2015-2020 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки «Хатлон яке аз марказҳои рушдёфтаи аграрию саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар вилоят соҳаи кишоварзӣ самти афзалиятноку пешбаранда маҳсуб шуда, қариб 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад».

Саноати вилоятро ҳудуди 700 корхонаю коргоҳи хурду калон намояндагӣ карда, беш аз 220 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд.

Дар вилоят саноати кӯҳӣ, энергетика, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ  ва саноати сабук рушд ёфта, соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле муҳим мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд ба манфиати ду давлат ва халқҳои дӯсту бародар ояндаи нек дошта, ҷонибҳо ҳамкориро дар ин самт густариш хоҳанд дод.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 13, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст