Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 29-уми Янлин дар Чин муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Янлини музофоти Шэнсии Чин Намоишгоҳи 29-уми Янлин вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсулоти аграрии ватанӣ, аз ҷумла меваҳои тару тоза, хушкмева, асал ва нону кулчаҳои тоҷикӣ муаррифӣ шуданд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар намоиши байналмилалӣ намояндагони Чин, корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин суръат бахшидан ба имконияти содироту воридоти кишвар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукоти намоишгоҳ — павилиони маҳсулоти аграрии ватаниро, аз ҷумла бо меваҳои тару тоза, хушкмева, асал ва нону кулчаҳои Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи намоиш ҳайати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Губернатори музофоти Шансӣ ва ҳайати баландпояи ин музофот мулоқот намуда, доир ба рушди ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






