Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ: «Дар одобу фарҳанги халқи тоҷик қадрдонӣ аз ҳамсояҳо ва посдории таомули ҳамсоягӣ мақоми махсус дорад»
ДУШАНБЕ, 19.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аввалин тире, ки дар дилхоҳ ҷанг зада мешавад, пеш аз ҳама ба синаи занону модарон мерасад. Зеро аз даст додани фарзанд, шавҳар ва ё бародар дарди талхест, ки дар тасвираш қалам оҷизӣ мекунад. Мо, занони тоҷик ба бонувону модарони қирғиз муроҷиат карда мегўем, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон саҳмгузор бошанд. Фавран бо иштироки мо, занон аз ҳар ду ҷониб барпо кардани гуфтушунид ба манфиати кор аст. Мо ҷавоби ин даъватро аз ҷониби занони Қирғизистон интизорем, — чунин нигоштааст муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар матлабе, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.
«Таърихи башарият борҳо собит кардааст, ки ҷанг танҳо бадбахтӣ меорад, тамоми мушкилоти оламро танҳо тавассути ба ҳам омадан, маслиҳату машварат кардан метавон осон кард. Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо роҳи осоишта ҳал намудани баҳси марзии байни ду кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Роҳбарони кишвари ҳамсоя набояд ба чунин аҳдшиканӣ роҳ диҳанд», — тазаккур дод Хайринисо Юсуфӣ.
Ӯ таъкид кард, ки дар одобу фарҳанги мардумии халқи тоҷик қадрдонӣ аз ҳамсояҳо, расидан ба қадри он ва посдории таомули ҳамсоягӣ мақоми махсус дорад. Дар байни мардуми мо бо ҳамсоя муросо накардан ин нишонаи бефарҳангист. Тоҷик дар шодию ғами ҳамсоя шарик аст. Беҳуда ин зарбулмасал «Аз хеши дур ҳамсояи қадрдон беҳтар аст» дар байни мардум машҳур нагаштааст. Мардуми мо бо қирғизҳо аз як сарчашма об менӯшанд, аз як кӯча мегузаранд, дар як марз зиндагӣ мекунанд ва оқибат дар як мазор сар мегузоранд. Аз ин рў, ин ду ҳамсоя бояд паҳлў ба паҳлў дар фазои дўстию ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар баранд. Чуноне шоири зиндаёди тоҷик Султон Шоҳзода баён доштааст:
Ман нахоҳам кард хилват дур аз ҳамсояҳо,
Бод бо ҳамсояҳо ҳам буду ҳам нобуди ман.
Чунки рӯзи мурдани ман сӯи гӯристони деҳ,
Мебаранд ҳамсояҳо бар дӯши худ тобути ман.
АКС: манбаъҳои боз








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






