ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Мурғоб миқдори зарурии ғалла ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввали аҳолӣ захира шудааст
ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» миқдори зарурии ғалла ва маводи мавриди ниёзи аввали аҳолӣ захира шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода ҷараёни омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияро санҷида, ҷиҳати анҷом додани корҳои муҳими дигар супоришҳои иловагӣ доданд.
Зикр гардид, ки масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия барои давраи зимистон ангиштсанг ва ҳезум захира намудаанд. Инчунин бо sedative-meds.com роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳия бо зиёда аз 600 тонна ангиштсанг таъмин карда шудаанд.
АКС: МИҲД ноҳияи Мурғоб








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






