Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд.
Президенти Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, натиҷаҳои вохӯрии сарони давлатҳоро, ки дар чорчӯбаи он бастаи назарраси қарору санадҳо оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти Созмон қабул гардиданд, баланд арзёбӣ карданд.
Дар баробари ин Президенти Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






