Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбанд

Сентябрь 20, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз зимни мулоқоти Раиси комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард  Ҷамшед Муртазозода ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳарду мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар ин замина боздидҳои Сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ гардидаанд.

Зимни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки самти ҳамкории фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфтааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.

Акс: МН МО ҶТ

Сентябрь 20, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид