Сафири навтаъйини Украина дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Сентябрь 2, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валерий Евдокимов ба Душанбе омад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

«2 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валерий Евдокимов нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд»,- иттилоъ доданд дар Вазорат.

Зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд.

С.Имомӣ ба В.Евдокимов дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина муваффақият орзу намуд.

Валерий Евдокимов дар ин маснад Василий Серватюкро, ки аз соли 2019 сафири  Тоҷикистон  буд, иваз намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 2, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид