Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои иншооти нави таълимӣ шинос шуданд.
Гимназия барои 2 ҳазор хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, иншоот дорои 70 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузаронидани дарсҳо дар тамоми синфхонаҳои он тахтаҳои электронӣ насб шудааст. Дар муассиса 22 кабинети фаннӣ ташкил гардида, ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Аз ин ҷост, ки 1 адад лабораторияи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои назариявии химия ва 1 лабораторияи физика бо тамоми дастгоҳҳои заруриву аёнияти хониш бунёд ёфтааст. Бо истифода аз чунин имконот хонандагон таҷрибаҳои гуногуни химиявӣ гузаронида, дониши худро мукаммал менамоянд. Ҳамчунин дар муассиса синфхонаҳои алоҳида барои омӯзиши фанҳои биология, ҳуқуқи инсон ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ бунёд ёфтааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар гимназия 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо компютерҳои замонавию хати баландсуръати интернет ташкил гардидааст.
Бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Қосимов бунёд намуда, таълиму тарбия дар он мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар гимназия 230 нафар омӯзгор дар асоси озмун ба кор ҷалб гардида, барои кору фаъолияти онҳо 6 ҳуҷраи алоҳидаи корӣ ташкил гардидааст.
Толори зебову замонавии гимназия беш аз 500 ҷойи нишаст дошта, ошхонаи он имконият дорад, ки дар як вақт ба 250 нафар омӯзгору хонанда хизмат расонад. Бо назардошти талабот ва меъёрҳои ҷорӣ, дар муассиса толори барҳавои варзишӣ бунёд гардида, дар он имконияти зарурӣ барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ фароҳам мебошад.
Барои омодасозии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ китобхонаи муассиса бо 125 номгӯи китобҳои бадеӣ ва беш аз 4 ҳазор китоби фаннӣ ташкил гардида, бо истифода аз толори барҳавои хониш толибилмон метавонанд ба китобхонӣ машғул шаванд. Дар ин ҷо бо насби 25 комюптер ҳамчунин китобхонаи электронӣ ташкил гардида, ба ин васила омӯзгорону хонандагон ба махзани бойи ашъори шоирону нависандагони ватаниву хориҷӣ дастрасӣ пайдо намудаанд.
Муассиса ҳамчунин дорои дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои гузаронидани маҳфилҳо, бойгонӣ ва ҳуҷраи тиббӣ мебошад.
Пас аз боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тасмимҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро боиси дастгирӣ арзёбӣ карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати таълиму тарбия, омӯзиши амиқи технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ дар таълимгоҳ диққати аввалиндараҷа диҳанд.









Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






