ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ дар ин лаҳзаҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин мактаб шарик аст.
Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид ва баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, ба тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино ба муносибати Рӯзи дониш шурӯъ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти имрӯз хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 дар саҳни мактаб ҷамъ омаданд. Яке аз хонандагони мактаб шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш»-ро мутантан қироат намуд:
Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Тавре директори мактаб Искандар Давлатов иброз дошт, дар соли нави таҳсил мактаби мазкур дари худро ба рӯи 1812 нафар боз намудааст. Аз ин теъдод 127 нафарро хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд.
«Ба муассисаи мо омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд, ки онҳо хонандагонро пурра бо таълиму тарбия фаро мегиранд. Онҳо ба соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо рӯҳияи тозаву масъулияти баланд соли хонишро оғоз намуданд»,-изҳор дошт директори дабистон.,

Ба андешаи мавсуф, баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд.
Маълум гардид, ки синфхонаҳои муассисаи мазкур таъмир шуда, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса барои омӯзиши дарсҳои забони англисӣ ва русӣ барои хонандагон тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, дар Тоҷикистон имсол беш аз 200 ҳазор нафар ба синфи 1-ум мераванд.
Ба зикри сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт, дар айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128 827 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






