ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, панҷшанбе, 244-умин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 1, 2022 08:00

1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси сеюми хотимавии Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид.

***

12 сол пеш, 1 сентябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо аз наздик шинос шуда, бо олимону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохўрии ошкорову пурсамар анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» мужда расонид, ки аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Шаҳодатномаи Тоҷикистон номгузорӣ шудани ин сайёра аз ҷониби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Бояд гуфт, ки мадори сайёраи Тоҷикистон дар миёни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, аз сайёраи Замин дар масофаи 250 миллион км ва аз Офтоб дар масофаи 463 миллион км дурӣ чарх мезанад. 

1 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ.

***

 Дар Узбекистон – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

1 сентябри соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин интихоб гардиданд.

***

1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ифтитоҳ гардид.

***

74 сол муқаддам, 1 сентябри соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси вақти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо, ки дар шаҳри Ню-Йорки Америка баргузор гардид,  ширкат намуд.

***

1 сентябри соли 2016 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – СММ ва САҲА баррасӣ гардид.

***

99 сол пеш, 1 сентябри соли 1923 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Япония зиёда аз 140 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1962 СММ хабар дод, ки  аҳолии кураи Замин аз 3 миллиард нафар зиёдтар шуд.

***

1 сентябри соли 1926 дар Туркия никоҳи шаҳрвандӣ иҷозат дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1931 дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис дода шуд.

***

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Мактаби байналмилалии президентиро ифтитоҳ намуданд.

Сентябрь 1, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш