ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, душанбе, 269-умин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 26, 2022 08:00

26 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

***

14 сол пеш, 26 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карданд.

***

26 сентябри соли 2011 дар ноҳияи Айнӣ хатти 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ ба истифода дода шуд.

26 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд кардани яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи забонҳои аврупоӣ.

***

Дар Эквадор – Рӯзи парчами миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

26 сентябри соли 2011 дар шаҳри  Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кг барандаи ин ҷом шуд.

***

26 сентябри соли 2011 вакилони Парлумони Британияи Кабир ва ҷамъияти соҳибкорони Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 26 сентябри соли 2013 дар «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мусобиқаи байналмилалии дзюдо баргузор шуд.

***

26 сентябри соли 1786 Англия ва Фаронса созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.

***

26 сентябри соли 1994 дар Швейтсария тарғиби нажодпарастӣ манъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгардухтари тоҷик аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Муниса Адилматова дар вазни 68 кг дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ миёни иштирокдорони аз 18-сола боло медали тилло ва Ҷоми ҷаҳон оид ба карате-доро соҳиб шуд.

 

Сентябрь 26, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст