ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, якшанбе, 247-умин рӯзи соли 2022 аст
4 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.
***
10 сол пеш, 4 сентябри соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон дидан карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» ҷавоб доданд.
4 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.
***
Рӯзи байналмилалии таэквондо.
***
Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.
***
Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
РӮЙДОДҲО:
4 сентябри соли 1960 сохтмони қисми якуми корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе оғоз гардида буд. Ин корхона ҳоло «Сементи тоҷик» ном дорад, ки дар замони Шӯравӣ дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол мекард.
***
4 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт.
***
4 сол пеш, 4 сентябри соли 2017 Бонки миллии Узбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми ӯзбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.
***
4 сентябри соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи Аврупо дар Испания ба қайд гирифта шуд, ки +50,0°С – ро ташкил дод.
***
134 сол муқаддам, 4 сентябри соли 1888 Ҷорҷ Истмен барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии «Kodak» патент ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1998 ширкати «Google» таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон- «Баҳористон» ба фаъолият шурӯъ кард.
***
Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёиро бо 7 медал ҷамъбаст кард.