ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, душанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуданд.
***
19 октябри соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» мавриди истифода қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
19 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.
19 ОКТЯБР:
Дар Русия -Рӯзи хонандагони литсейҳо.
***
Дар Қазоқистон -Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Молдова- Рӯзи ҳуқуқшинос.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.
***
19 октябри соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.
***
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.
***
11 сол пеш, 19 октябри соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон Маркази таълимӣ-фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
19 октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе–сарҳади Узбекистонро ба тасвиб расонид.
***
Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» доир шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Равшан Тӯрабеков-соли 1936 — ҳунарпеша ва режиссёр. Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1981).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, якшанбе, 291-умин рӯзи соли 2026 аст






