31 ОКТЯБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Душанбе ба шаҳри ҳушманд ва бехатар табдил ёфтааст

Октябрь 31, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 31.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурўъ аз соли 2014 дар аксар кишварҳои олам 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо (World Cities Day) таҷлил мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба масъалаҳои шаҳришавӣ, рушди шаҳрҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ будани онҳо мебошад. Мувофиқи барномаи СММ то соли 2030 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо бояд амалӣ карда шавад, ки яке аз онҳо таъмини бехатарии шаҳрҳо мебошад.

Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе дар ин самт  якчанд корҳои назаррасеро анҷом додаанд, ки дар рушди устувори пойтахт саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)» таъсис дода шуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар корхонаи мазкур иброз доштанд, мақсад аз таъсиси  ин ниҳод  баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифодаи иттилооти шаҳрӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

«Шаҳри ҳушманд (Smart city)» унсури шаҳрест, ки дар асоси охирин назарияҳо такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва иртиботот (коммуникатсия) ба роҳ монда мешавад.

Яке аз самтҳои асосии ин ниҳод- «бехатарии ҳушманд» мебошад, ки  он баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва пешгирӣ намудани шумораи ҷиноятҳо тавассути технологияҳои рақамӣ ва дигар технологияҳои инноватсиониро дар бар мегирад.

«Айни замон дар 70 роҳи мошингарди ҳудуди пойтахт 612 камераҳои назоратӣ гузошта шудаанд, ки танзими ҳаракати нақлиёт ва қоидавайронкунии нақлиётиро кам намудаанд. Дар ҳамбастагӣ бо КВД «Шаҳри ҳушманд» дар 855 ҷойи ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои серодам камераҳои даврзананда барои назорати тартиботӣ ҷамъиятӣ насб карда шудаанд»,- иттилоъ дод сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидмуъмин Ҳасанзода.

Номбурда афзуд, ки тариқи маҷмааи назорати видеоӣ вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ба навор гирифта, бо сабти вақт, ҷойи содиршавии ин қоидавайронкуниҳо ба маркази идоракунӣ дода мешаванд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин наворҳоро метавонанд ҳамчун далели шайъӣ истифода баранд.

Маҳз таъмини амният ва ҳифзи бехатарии пойтахт аст, ки тӯли чанд соли охир на танҳо шумораи  аҳолии он, балки теъдоди  сайёҳони хориҷие, ки  мароқи сайр дар  шаҳри Душанберо  доранд,  меафзояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд