Ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи пленарии 54-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ба Самарқанд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд хабар дод.
Дар доираи чорабиниҳои АБ ИДМ ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш бо иштироки узви Маҷлиси миллӣ Шодигул Қонунзода, ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ бо иштироки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ бо иштироки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода баргузор гардид. Вакилон андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз доштанд.
Дар ҷаласаҳои мазкур зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли ИДМ мебошад, ки дар фаъолияти қонунгузории худ аз қонунҳои намунавӣ хеле васеъ истифода мекунад. Тӯли солҳои охир савияву малакаи қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бештар тақвият ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам ғанитар гардидааст.
Дар кори ҷаласаҳои комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Акс: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






