БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Фирӯз Шарифзода: Иҷлосияи таърихӣ барои ташаккули низоми бонкдории кишвар шароити мусоид фароҳам овард

Октябрь 2, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 02.10.2022 /АМИТ«Ховар»/. Иҷлосияи  сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамчун падидаи воқеан муҳими таърихӣ  дар самти барқарорсозӣ ва ташаккулу пешрафти соҳаҳои  мухталифи  иқтисоди Тоҷикистон, хусусан соҳаи бонкдории кишвар шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода.

Ба андешаи Фирӯз Шарифзода, ҳарчанд низоми бонкии кишвар дар заминаи шабакаи бонкии замони шӯравӣ бунёд гардидааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан бо баргузории иҷлосияи ХVI  таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон тадриҷан зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот ворид кардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробариҳои мунтазаму боэътимод, ташкили назорати ба пояи меъёрҳои молиявию иқтисодӣ асосноки бонкӣ ва ғайраро тай намуда, дар айни замон ба яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳими иқтисодиёти мамлакат табдил ёфтааст.

«Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Зеро Сарвари давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбари кишвар интихоб шуданашон дар иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон бо дарки амиқи муҳимияти соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият — ин ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар «сомонӣ» мебошад, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст»,- афзуд Фируз Шарифзода.

Ба андешаи мусоҳиби мо, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси   танзимгари фаъолияти бонкии мамлакат бо раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар нақши муассир дорад ва ҳамкории судмандро бо созмонҳои бонуфуз ва муътабари молиявии ҷаҳон, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, хазинаҳои мамолики араб ва якчанд  бонкҳои маъруфу бузурги кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, пайваста доираи ҳамкориро бо ин ва дигар созмонҳои бонкию молиявии ҷаҳон ҳамаҷониба густариш медиҳад.

Ҷиҳати самаранок анҷом додани пардохтҳои фаромарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1998 узви Созмони байналмилалии SWIFT гардид. Ин барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб мерафт. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар мамлакат заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ, ки дар танзими низоми бонкии мамлакат нақши муҳим дорад, мавриди амал қарор гирифт.

Бо мақсади ҷорӣ намудани танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ, таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва талаботи Кумитаи базелӣ вобаста ба кифоятии сармоя, гурӯҳбандии дороиҳо, идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва раванди баҳодиҳии назоратӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шуда, шафофияти ҳисоботи ташкилоти қарзии молиявӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таъмин карда шуд.

Бо дахли рушду пешрафти низоми бонкии  мамлакат Фирӯз Шарифзода иброз менамояд, ки яке аз дастовардҳои низоми бонкӣ дар даврони истиқлолият- ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд» мебошад, ки бо дар амал татбиқ гардидани он барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла аҳолии дурдасти кишвар имконияти дастрасӣ ба  хизматрасониҳои бонкӣ  фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими эътимоднокии мардум ба ташкилоти қарзии кишвар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъсис дода шуда, фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дастоварди дигари низоми бонкӣ- ин фароҳам гардидани шароит барои таъсиси бюроҳои таърихи қарзӣ ба шумор рафта, бо амалӣ шудани вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда дастрасии маълумоти таърихи қарз ба ташкилоти қарзии молиявӣ таъмин гардид, ки  он дар навбати худ ба паст кардани хавфи қарзӣ мусоидат менамояд. Инчунин дар ин давра  ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гашт, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» низоми алтернативии бонкӣ, яъне бонкдории исломиро дар низоми бонкӣ ҷорӣ намуда, ба ҳамин васила васеъ намудани доираи хизматрасониҳои молиявиро ба аҳолӣ роҳандозӣ намояд.

Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз намуд, ки эътимоди аҳолиро ба низоми бонкӣ ва сиёсати иқтисодии кишвар афзун гардонид. Бахусус ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташкили инфрасохтори низоми пардохт ва Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба пешрафти низоми бонкии мамлакат мусоидат кард. Аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои пардохти шакли коғазӣ ва анҷом додани ҳисоббаробарӣ тавассути низоми электронӣ барои дар муддати кӯтоҳ анҷом додани амалиёти пардохтии дохилию бурунмарзӣ имкони мусоид фароҳам сохт. Бо мақсади густариши амалиёти ғайринақдӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба ҷорӣ намудани кортҳои пардохт ва насби таҷҳизоти муосир — банкомат ва терминалҳо замина гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли якуми истиқлолият ва баргузории иҷлосияи ХVI Шӯрои  Олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб  дар шароити  тезутунди авзои сиёсии онвақтаинаи кишвар доир  гардид, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 адад бонк фаъолият менамуд. Алҳол дар ҳудуди Тоҷикистон 62 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 15 –тоашро бонк, 18 ададро ташкилоти амонатии қарзии хурд,  3 ададро ташкилоти қарзии хурд  ва  26 ададро фонди қарзии хурд ташкил медиҳанд, ки дар маҷмӯъ дорои 1848 адад воҳиди сохторӣ буда, дар онҳо 16 378 нафар фаъолият менамоянд.

                                                      Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7324 то 11.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Дар Душанбе қоидаҳо ва расмиёти идоракунии харид ва молия зимни татбиқи лоиҳаҳо шарҳ дода шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1183 то 0.1200 сомонӣ муқаррар шудааст
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ «Амонатбонк» дар Муъминобод ҳамоиш доир намуд