Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд

Июль 5, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 июли соли равон дар доираи 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (IFSB),  муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо Дабири кулли Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ   Ғиёс Шабсиғ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ  ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди молияи исломӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии IFSB-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин  доир ба таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои барориши сукук (коғазҳои қиматноки исломӣ), дастрасӣ ба захираҳои техникиву молиявӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи молия ва бонкдории исломӣ табодули назар намуданд.

Фируз Шарифзода иброз намуд, ки рушди молияи исломӣ дар мамлакат ҳамчун як самти стратегии афзалиятнок барои фарогирии молиявӣ, диверсификатсияи бахши молиявӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои мутобиқ ба принсипҳои молияи исломӣ аҳаммияти калон дошта, Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши мутахассисон ва татбиқи маҳсулоти исломӣ корҳои назаррас анҷом додааст.

Дабири кулли IFSB Ғиёс Шабсиғ омодагии Шуроро барои таҳияи стандартҳо, баргузории омӯзишҳои муштарак ва  дастгирии техникӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ баён намуд.

Зимни суҳбат  иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо мақоми танзимкунандаи низоми бонкӣ, балки мақоми танзимкунандаи соҳаи суғуртаи кишвар, аз ҷумла суғуртаи исломӣ (такафул) низ мебошад. Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар соҳаҳои такафул, сукук, фишангҳои монетарии исломӣ ва технологияи молиявии исломӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак расонида мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2010 узви IFSB буда, намояндагони он дар гурӯҳҳои кории созмон фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва танзиму назорати молияи исломӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 5, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд