Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд

Октябрь 1, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 111 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ- ба ҳар нафар 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ин нафарон бахшида ба Рӯзи омӯзгор  ва бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва омӯзгорону мураббиёне, ки дастпарваронашон дар озмунҳои шаҳрӣ ғолиб гардидаанд, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа қадрдонӣ карда шуданд.Мавсуф зикр кард, ки ин маблағ аз ҷумла ба 100 нафар омӯзгоре, ки на кам аз се хонандаашон дар олимпидаҳо ҷо гирифтаанд ва 4 нафар мураббӣ, ки тарбиягирандагонаш ғолиби озмуни шаҳрии «Доноякон»  шудаанд, инчунин 7 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби озмуни шаҳрии «Ватанпарвар» ва барои саҳмгузорӣ дар озмунии шаҳрии «Килки сабз» сохиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, супорида шуд, ки  дар маҷмӯъ 333 ҳазор сомониро ташкил медод.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Октябрь 1, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид